Таҷлили "Наврӯзи оламафрӯз" дар мактаби миёнаи екатеринбургӣ  бо иштироки Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург

21.03.2023 21:01

Таҷлили "Наврӯзи оламафрӯз" дар мактаби миёнаи екатеринбургӣ  бо иштироки Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург

Дар нимаи дуюми рӯзи 21 марти соли 2023 намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов,   президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷикон "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова, муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров дар чорабинии фарҳангӣ  бахшида ба ҷашни байналмилалии "Наврӯз", ки онро роҳбарияти мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 49-и шаҳри Екатеринбург баргузор намуд, ширкат варзиданд. 

Дар ин чорабинии идона наврасони тоҷикистонӣ--дар муқоиса бо дигарон--дар масъалаи намоиши сарулибоси миллӣ, қироати шеъру сурудҳо бо забони тоҷикӣ ва барномаҳои рангоранги  рақсӣ хеле фаъол буданд. 

Дар ин мактаб инчунин 
Маркази мутобиқсозии кӯдакони муҳоҷир "Ман метавонам" фаъолият мекунад, ки роҳбарии онро  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиза Мирзоева ба уҳда дорад. Ҳамасола то 80 нафар наврасони тоҷикистонӣ дар машғулиятҳои таълимии ин Марказ бо таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Таҷрибаи кушодани чунин Марказ дар дохили мактаби миёна намунаи хуб аст ва шояд дар минтақа назири он вуҷуд надошта бошад. Аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки таҷрибаи фаъолияти муваффақонаи
Маркази мутобиқсозии кӯдакони муҳоҷир "Ман метавонам" ҳарчи зиёдтар  ташвиқ карда шавад, то ки теъдоди чунин марказҳо дар минтақаи Урал ва дигар минтақаҳои Россия афзун гардад.

Дар Маркази зикршуда дастархони наврӯзӣ ва гӯшаи намоишӣ низ ташкил гардида буд. Дар он соҳибкори екатеринбургии тоҷиктабори ватандӯст Зуҳал Муродов низ ширкат дошт. Ӯ маҳсулоти бренди навтаъсис "Тадж Базар"-ро ба намоиш гузошта буд ва ин маҳсулот аз ҷониби иштирокчиёни намоиш баҳои мусбати баланд гирифт.

Дар чунин фазои идона роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати мусоидат ба мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҳамгироии дурусти ҳамватанон дар ҷомеаи муосири россиягӣ, ташаккули  дидгоҳи мусбати аъзои бумии ҷомеаи россиягӣ оид ба Тоҷикистону фарҳанги тоҷик, бақодории ҳувияти миллии тоҷикони муқими Россия ба хотири рушди солими иҷтимоӣ ва беҳдошти муносиботи байнимиллӣ ва байнидинӣ табодули судовари андешаву пешниҳодот сурат гирифт. 

Дар фарҷоми ин чорабинии фарҳангии идона ба директори Мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №49-и шаҳри Екатеринбург Елена Каримова  Сипосномаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва Раҳматномаи Ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердловск "Дидор" супурда шуданд.

maktab-1.jpg

maktab-2.jpg

maktab-3.jpg

maktab-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg