Иштирок дар ҷашни "Наврӯз" ва суҳбатҳои муфиди дипломати тоҷик бо донишҷӯёни ду донишгоҳ дар шаҳри Екатеринбург

21.03.2023 20:46

Иштирок дар ҷашни "Наврӯз" ва суҳбатҳои муфиди дипломати тоҷик бо донишҷӯёни ду донишгоҳ дар шаҳри Екатеринбург

21 марти соли 2023 - бо супориши Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода - котиби дуюми муассисаи консулӣ Субҳон Қурбонов барои иштирок дар ҷашни байналмилалии "Наврӯз" ва вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ ба донишгоҳҳои давлатии аграрӣ ва  ҷангалдории Урал ҳозир шуд.

Дар ҷараёни мулоқотҳои алоҳида бо муовини ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Урал оид ба тарбия Наталья Ломовсева ва бо сардори Бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҷангалдории Урал Азамат Айдосов  масъалаҳои рушди ҳамкориҳо, ҷудо намудани бурсияҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли нави  хониш, такмили ихтисос ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки  ҳайати комиссияҳои қабули ин мактабҳои олӣ нақша доранд, дар охири моҳи апрел ё ибтидои моҳи майи соли 2023 гурӯҳҳои махсуси омӯзгоронро барои гирифтани имтиҳонҳои қабул ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафари хизматӣ бифристанд.Қабл аз сафар ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ин масъала мактубҳои дахлдор ирсол мегарданд.

Субҳон Қурбонов ҳангоми иштироку суханронӣ дар чорабиниҳои идонаи донишгоҳҳои мазкур ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии "Наврӯз" табрик намуд. 

Баъд аз анҷоми чорабинӣ, бар тибқи нақша, вохӯриҳо бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ баргузор гардиданд. 

Дипломати тоҷик бо донишҷӯён роҷеъ ба мавзӯҳои марбут ба густаришу таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, зарурати риояи ҳатмии қоидаҳои будубош ва қонунҳои кишвари иқомат, таҳсили хубу аъло ва омӯзиши таҷрибаи муфиди  мутахассисони маҳаллӣ, ҳифзу ҳиросати забони модарӣ, бақодории ҳувияту фарҳанги миллӣ, ҳамроҳ нашудан ба ташкилоту аҳзоби сиёсии мамнӯъ, муқовимат ба ҳар гуна зуҳуроти ифротгароӣ, терроризм, мубориза бо ҷинояткорӣ дар муҳити ҷавонон ва дурӣ ҷӯстан аз ҳар гуна тазоҳуроти зиддидавлатии сиёсӣ суҳбати пурмуҳтавою муфиде анҷом дод ва ба саволҳо посух дод.

Донишҷӯёни донишгоҳҳои мазкур бо дастархони наврӯзӣ, шеърхонӣ, сурудхонӣ ва рақсҳои миллӣ фарҳанги асили ватани хешро хеле хуб муаррифӣ намуданд. 

Дар ин донишгоҳҳо алъон беш аз 250 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаҳои гуногун таҳсил мекунанд.

agrar-1.jpg

agrar-2.jpg

agrar-3.jpg

agrar-5.jpg

agrar-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg