Иштирок дар иди байналмилалии «Наврӯз» дар шахри Челябинск
19 марти соли 2023 - бо даъвати раиси Шӯрои Ассамблеяи мардумони вилояти Челябински Федератсияи Россия Хонаҳмад Гулов ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони муқими минтақаи Урали Ҷанубӣ Исломуддин Раҷабов - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов дар шаҳри Челябинск дар чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии "Наврӯз" иштирок намуданд.
Дар чорабинии идона, ки он дар Хонаи фарҳанги роҳиоҳанчиёни шаҳри Челябинск баргузор гашт, сардори Раёсати робита бо ҷомеаи Ҳукумати вилояти Челябински Федератсияи Россия Дмитрий Семёнов, муовинаш Андрей Резепин, роҳбарони консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов ва Шуҳрат Мустафоев, сарварони иттиҳодияҳои фарҳангии миллӣ ва дигар созмонҳои ҷамъиятии вилоятию шаҳрии Урали Ҷанубӣ иштирок доштанд.
Фаъолони Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Челябинск "Маркази миллии фарҳангии тоҷикон "Сомониён"", ки зиёда аз 18 сол роҳбари муваффақаш Исломуддин Раҷабов мебошад, дар ин чорабинии идона--якҷо бо дӯстони ӯзбек--ба иштирокчиёну меҳмонони фахрӣ суннатҳои "Наврӯз"-и бостонӣ, фалсафаи арзишҳои он ва унсуроти дастархони маъруфи наврӯзӣ, марҳалаҳои таърихии таҳаввулот, дастовардҳо ва асолати фарҳанги қадиму бузурги халқи тоҷикро моҳирона ва дар сатҳи баланд муаррифӣ намуданд.
Ид бо шодию нишот, рақсу сурудхонии миллӣ гузашт.
Таоми рамзии наврӯзӣ - "суманак" - , ки барои ин маъракаи идона аз ҷониби ҳунармандони тоҷик омода шуда буд, хеле болаззату хушмазза буд.
Барномаи рангорангу пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки ҳунарпешагону эҷодкорони мардумони кишварҳои пасошӯравӣ, ки ба ҳавзаи фарохи густаришу таҷлили иди байналмилалии "Наврӯз" шомиланд, як ҷузъи муҳими ин чорабинии идона буд.
Дар баробари суруду рақсҳо дар экрани толори Хонаи фарҳанг тарзу шеваи таҷлили иди "Наврӯз" дар замони мо дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Аз саҳнаи толори Хонаи фарҳанг, қабл аз оғози барномаи консертии наврӯзӣ, иштирокдорони ҷашни бошукӯҳи идонаро сардори Раёсати робита бо ҷомеаи Ҳукумати вилояти Челябински Федератсияи Россия Дмитрий Семёнов ва консулҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, Абдусалом Ҳотамов ва Шуҳрат Мустафоев табрику таҳният гуфтанд.
Дар қисмати ниҳоии чорабинии идонаи наврӯзӣ иштирокчиёни он ба ҳамдигар ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравиро тақдиму эҳдо намуданд.








