Иштирок дар "Шоми дӯстии халқҳо" дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дар шаҳри Челябинск
15 марти соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар шаҳри Челябинск дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дар «Шоми дӯстии халқҳо», ки он бо иштироки шаҳрвандону зодагони Ҷумҳурии Точикистон аз ҷумлаи донишҷӯёни як қатор мактабҳои олии шаҳри Челябинск ва курсантҳои Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии байрақи сурхдори штурманҳои шаҳри Челябинск баргузор гардид, иштироку суханрониҳо намуд.
Дипломати тоҷик ба масъалаҳои мубрами марбут ба таърих, вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия ва нақши муҳими мусбати Россия дар ташаккулу рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд ва дар бораи таърих, фалсафа ва суннатҳои иди "Наврӯз" муфассал нақл кард.
Консули генералӣ бо донишҷӯёну курсантҳо суҳбатҳои пурмуҳтаво карда, ба саволҳои онҳо посух дод, ба бисёре аз онҳо китобҳои худро оид ба таърихи Россия ва фалсафаи иҷтимоӣ, ки дар яке аз матбааҳои шаҳри Челябинск чоп шудаанд, ҳадя кард ва бо мухбирони шабакаҳои маҳаллии телевизионӣ мусоҳибаҳо анҷом дод.
Муовини Вазири рушди иқтисодии вилояти Челябински Федератсияи Россия Дмитрий Глухарёв, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ оид ба таълим Андрей Кочеров, раиси Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Челябинск «Маркази миллии фарҳангии тоҷикон "Истиқлол" Фазлиддин Ғаффоров, президенти Ассотсиатсияи маҳаллии донишҷӯёни хориҷӣ ва хатмкарда Муҳаммад Аҳмад Маҳмуд дар "Шоми дӯстӣ" иштироку суханронӣ карданд.
Дар ин чорабинӣ сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Челябинск Н.Р.Арнаутова ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Челябинск оид ба корҳои илмӣ И.В.Бычкова фаъолона иштирок доштанд.
Донишҷӯён аз ҷумлаи зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дӯстӣ, якдилию ҳамкории созандаи мардумон самимона сухан ронда, бо истифода аз слайдҳо дар бораи таърих ва фарҳанги миллату кишвари худ аз замонҳои қадим то имрӯз, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ, фалсафаи арзишҳо ва суннатҳои иди байналмилалии «Наврӯз» ба таври ҷолибу возеҳ нақл карданд.
Барои ҳамкории судманд – дар маҷрои рушду таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия – бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург муовини Вазири рушди иқтисодии вилояти Челябински Федератсияи Россия Дмитрий Глухарёв бо Ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадр гардид.
Баъд аз хатми қисми расмии "Шоми дустӣ" ба иштироккунандагони он филми бадеии машҳури студияи синамои "Тоҷикфилм" "Ман бо духтаре вохӯрдам" намоиш дода шуд.




