Консули генералӣ ба рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Сипоснома супурд
18 марти соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо рӯзноманигори шинохта, хабарнигори вижаи як қатор расонаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Садбарг Боқиева мулоқот кард.
Дипломати тоҷик Садбарг Боқиеваро бо фарорасии ҷашни байналмилалии баҳории "Наврӯз" табрик намуда, ба ӯ барои ҳамкориҳои судманд бо муассисаи консулӣ дар маҷрои рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Россия, таъмини иттилоотии фаъолияти иттиҳодияҳо ва марказҳои миллии фарҳангии тоҷикон дар қаламрави Россия Сипоснома супурд.
Консули генералӣ ва рӯзноманигори тоҷик муҳимтарин ҷанбаҳои ҳамкориҳояшонро дар арсаи ахбори умум то охири соли 2023 баррасӣ карданд.
