Иштирок дар ҷашни  "Наврӯз" ва суҳбатҳои муфиди дипломати тоҷик бо роҳбарияту донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал

20.03.2023 21:17

Иштирок дар ҷашни  "Наврӯз" ва суҳбатҳои муфиди дипломати тоҷик бо роҳбарияту донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал

20 марти соли 2023 - бо супориши Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода - котиби дуюми Консулгарӣ Субҳон Қурбонов барои иштирок дар ҷашни "Наврӯз" ва вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ ба бинои асосии Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал  ҳозир шуд.

Дар Донишгоҳи мазкур донишҷӯёни кишварҳои ҳавзаи "Наврӯз" (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон,  Қазоқистон ва дигар кишварҳо) бо дастархони ҷашнӣ, шеърхонӣ, сурудхонӣ ва рақсҳои миллӣ ватану фарҳанги миллии хешро муаррифӣ намуданд.

Дар Донишгоҳи мазкур беш аз 20 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаҳои гуногун таҳсил мекунанд. 

Зимни мулоқот бо ректори Донишгоҳ Алексей Душин баъзе  масъалаҳои роҳандозию густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла дар бобати ҷудо намудани бурсияҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли нави  хониш, мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
 
Субҳон Қурбонов ҳангоми иштироку суханронӣ дар ҷашни "Наврӯз" дар Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал  ҳозиринро бо иди байналмилалии "Наврӯз" табрик намуд.

kuh-1.jpg

kuh-2.jpg

kuh-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg