Иштирок дар нишасти рӯнамоии Ҷашнвораи байналмилалии варзиши донишгоҳӣ

15.02.2023 14:02

Иштирок дар нишасти рӯнамоии Ҷашнвораи байналмилалии варзиши донишгоҳӣ

15 феврали соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар қароргоҳи Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар нишасти муаррифии Ҷашнвораи байналмилалии варзиши донишгоҳӣ бо иштироки тимҳои донишгоҳҳои кишварҳои аъзои БРИКС, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.

Барои иштирок дар ин нишасти рӯнамоӣ роҳбарони дигар муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ низ даъват шуда буданд.

Ҷашнвора дар рӯзҳои таҷлили 300-солагии шаҳри Екатеринбург--аз 19 то 31 августи соли 2023--баргузор мешавад ва дар чаҳорчӯби он мусобиқот аз рӯйи 14 намуди варзиш дар назар аст.

Корҳои омодагӣ ба Ҷашнвораи байналмилалӣ бо супориши Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сурат мегиранд.

Пешбинӣ шудааст, ки дар ин чорабинии густурда беш аз 4 ҳазор варзишгар ва 140 ҳазор тамошобин аз 25 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.

Нишасти муаррифӣ бо иштироки муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Берг ва намояндагони Директсияи иҷроияи Фестивали байналмилалӣ баргузор гардид.

Василий Козлов ва Александр Харлов суханрониҳои шодбошӣ ва тавзеҳӣ карданд.

Фестивалро дар ин нишаст муовини директори Департаменти ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии созмони "АНО «Директсияи иҷроияи Универсиада--2023»" Радик Ханеев муаррифӣ намуд.

Дар нишасти рӯнамоӣ ҳамкасбони Радик Ханеев--Виктория Ярославтсева ва Екатерина Марченко--низ фаъолона иштирок карданд.

666.jpg

6662.jpg

66663333.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg