Иштирок дар маросими ботантанаи супурдани ҷоизаҳои илмии демидовӣ дар шаҳри Екатеринбург
10 феврали соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--бо даъвати Бунёди илмии демидовӣ--дар қароргоҳи Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳои илмии демидовӣ ба барандагони соли 2022 иштирок намуд.
Мукофотҳоро муовини аввали Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Алексей Шмыков ва академики Академияи илмҳои Россия, раиси Шӯрои сарпарастони Бунёди илмии демидовӣ Геннадий Месятс супурданд.
Дар маросими ботантана директори иҷроияи Бунёди илмии демидовӣ, академики Академияи илмҳои Россия Валерий Чарушин суханронӣ намуд.
Дар маросими мутантан бо мукофотҳои умумимиллии илмии демидовӣ академики Академияи илмҳои Россия Владимир Дегтяр барои саҳми барҷастааш дар таҳияву истеҳсоли насли нави мушакҳои низомӣ, академики Академияи илмҳои Россия Михаил Кирпичников барои саҳми барҷастааш дар рушди биомуҳандисӣ, академики Академияи илмҳои Россия Александр Коновалов барои саҳми барҷастааш дар рушди нейрохирургия ва физиологияи клиникии системаи асаб, академики Академияи илмҳои Россия Алексей Розанов барои саҳми барҷастааш дар соҳаи инкишофи илми палеонтология қадр карда шуданд.
Дипломати тоҷик низ шахсан барандагони Ҷоизаро табрик гуфт.
Президенти Бунёди илмии демидовӣ Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев мебошад.


