Сарфарозгардонӣ бо Ифтихорномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Тюмен
3 феврали соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода Ифтихорномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россияро ба сокини шаҳри Екатеринбург, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон Фарзона Муҳаммадиева супорид.
Фарзона Муҳаммадиева бо Ифтихорномаи Сафорат ва мукофотпулӣ барои иштироки фаъолона дар озмуни "Беҳтарин рӯзноманигори ҷамъияти тоҷикони муқими Россия" бахшида ба иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Озмуни болозикр бо тасмими гурӯҳи корӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори умуми Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар моҳи октябри соли 2022 эълон гардида буд.Ҷамъъбасти озмун нишон дод, ки се нафар иштирокдор аз шаҳрҳои Екатеринбург, Тюмен ва вилояти Уляновск маводи ба талаботи озмун ҷавобгӯ навиштаанд.
Аз ҳавзаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо Ифтихорномаи Сафорат магистри бахши магистратураи Донишкадаи давлат ва ҳуқуқи шаҳри Тюмен Наргис Ёрова низ сарфароз гардонида шуд.Ифтихорномаро ба ӯ--бо иловаи мукофотпулӣ--дар фазои мутантан роҳбари Созмони минтақавии ҷамъиятии вилояти Тюмен "Маркази миллии фарҳангии тоҷикон "Пайванд"" Абдулло Каримов супорид.


