Иштирок дар аввалин ҷаласаи  Шӯрои намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар назди Сарвари шаҳри Екатеринбург дар соли 2023

31.01.2023 14:01

Иштирок дар аввалин ҷаласаи  Шӯрои намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар назди Сарвари шаҳри Екатеринбург дар соли 2023

31 январи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар назди Сарвари шаҳри Екатеринбург иштирок намуд.

Чорабинӣ дар қароргоҳи екатеринбургии Ҷамъияти саҳҳомии "Ширкати истеҳсолӣ "Бюрои махсуси конструктории «Контур»", ки  дар ҷомеаи маҳаллӣ чун «Гугли уралӣ» маъруф аст ва хизматрасониҳои рақамии худро ба беш аз бист кишвари хориҷӣ мерасонад, баргузор гардид.

Мавзӯи ҷаласа ба масъалаҳои ташаккули кластери IT--ии  сатҳи ҷаҳонӣ дар заминаи ҶС "ШИ  "БМК «Контур»" бахшида шуда буд.

Қабл аз оғози ҷаласаи Шӯро аъзои он бо бинои офиси бисёрфунксионалии ширкати "БМК "Контур"" ошноӣ пайдо карданд.

Дар ҷаласаи Шӯро раиси он, Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов суханронии ифтитоҳӣ кард.

Директори генералии ҶС "БМК "Контур"" Михаил Сродных дар бораи вазъи кунунии соҳаи технологияҳои иттилоотии минтақавӣ ва дурнамои рушди он маърӯза кард.

Дар бораи раванди бунёди иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ дар ҳудуди Маркази эъморшавандаи илмию технологии "Контур-Парк" ва роҷеъ ба таҳияи модели омӯзиши донишҷӯёни дорои салоҳияти пешрафтаи "IT" дар ш.Екатеринбург муовини  директори генералии БМК "Контур" Светлана Стрельникова ва раиси Бунёди хайрияи БМК "Контур" Светлана Скользкова иттилои ҷолиб доданд.

Роҳбари шуъбачаи Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Федератсияи Россия дар ш.Екатеринбург Сергей Чичук  дар ҷаласаи Шӯро ба аъзои он дар бораи таҷрибаи амалии пешрафтаи фаъолияти босамари паркҳои технологии баландпоя дар Белоруссия муфассал нақл намуд.

551.jpg

552.jpg

554.jpg

222222.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg