Иштирок дар чорабинии екатеринбургии поси хотири қурбониёни Холокост
30 январи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар Маркази ҷамъиятии яҳудиёни шаҳри Екатеринбург «Синагога» дар чорабинии расмии поси хотир бахшида ба Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни Холокост, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид эълом шудааст, иштирок намуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони дигари корпуси маҳаллии дипломатӣ, фарҳангиён, олимону ходимони маориф, созмонҳои ҷамъиятии яҳудиёни маҳаллӣ, муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Берг, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов низ ширкат доштанд.
Муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Олег Чемезов, Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Татьяна Мерзлякова, раиси Палатаи ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Александр Левин, роҳбари Хонаи мардумони Урал Фаррух Мирзоев, сарраввини шаҳри Екатеринбург ва вилояти Свердловск Зелиг Ашкеназӣ, намояндагони шинохтаи ҷамъияти маҳаллии яҳудиён дар толори Маркази "Синагога" суханронӣ ва ибрози назар карданд.


