Иштирок дар маросими ифтитоҳи Ҳафтаи ёдбуди қурбониёни "Холокост" дар пойтахти  уралӣ

24.01.2023 13:35

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Ҳафтаи ёдбуди қурбониёни "Холокост" дар пойтахти  уралӣ

24 январи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар пойтахти уралӣ дар маросими ифтитоҳи Ҳафтаи ёдбуди қурбониёни "Холокост" таҳти унвони  "Мо дар хотир дорем" ва  Намоишгоҳи «Парвона.Кӯдакони "Холокост"", ки дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии 167--и шаҳри  Екатеринбург ба вуқӯъ пайваст, иштирок намуд.

Дар ин чорабинӣ ҳамчунин дигар намояндагони корпуси дипломатии маҳаллӣ, муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Берг, раиси Палатаи ҷамъиятии шаҳри Екатеринбург, ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яков Силин, роҳбари Хонаи мардумони Урал Фаррух Мирзоев иштирок карданд.

Дар маросими ифтитоҳи Ҳафта ва Намоишгоҳ муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Олег Чемезов, директори Маркази иттилоотии СММ дар шаҳри Москва Владимир Кузнетсов, раиси Думаи шаҳри Екатеринбург Игорь Володин, додситони шаҳри  Екатеринбург Светлана Кузнетсова, муовини раиси Ассотсиатсияи россиягии мадад ба  Созмони Милали Муттаҳид Алексей Борисов(аз ш. Москва  аз тариқи онлайн), директори мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии 167--и шаҳри  Екатеринбург Эльвира Бабич, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази фарҳангии яҳудиёни ш.Екатеринбург "Менора"" Ирина Гуткина суханронӣ карданд.

Ҳамасола 27 январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни "Холокост", ки аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълом шудааст,таҷлил мегардад.

kh-1.jpg

kh-2.jpg

kh3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg