Ошноӣ бо шароити зиндагӣ ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар ҳавзаи шаҳрии Сисерти вилояти Свердловски Федератсияи Россия
19 январи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ба ҳавзаи шаҳрии Сисерти вилояти Свердловски Федератсияи Россия бо сафари корӣ омада, ки дар наздикии деҳаи "Космакова" ва кӯли оби ширин Багаряк аз хоҷагии деҳқониву фермерии Алексей Юрьевич Бондарев, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳайси муҳоҷирони меҳнатӣ кори касбӣ мекунанд, дидан кард.
Зодагони ноҳияи Ҷаббор Расулови Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародарон Нуриддин ва Зиёвуддин Ғиёсиддиновҳо ва ҷияни онҳо Ҷасурбек Расулбоев аз соли 2019 дар фермаи ин хоҷагӣ, ки феълан аз 105 сар чорвои калони шохдор иборат аст, софдилонаю самаранок меҳнат мекунанд. Онҳо дар ферма бо говпарварӣ машғуланд.
Дипломати тоҷик бевосита бо шароити кору зиндагии ҳамватанонаш ошно шуд.
Консули генералӣ бо асосгузору роҳбари хоҷагии деҳқонии фермерӣ Алексей Бондарев суҳбати муфассали дӯстона анҷом дод.Алексей Бондарев ба сифатҳои касбию ахлоқии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар хоҷагии ӯ кор мекунанд, баҳои баланду мусбат дода, ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дурнамои наздику миёнамуҳлати рушди хоҷагии деҳқониву фермерияш, аз ҷумла роҷеъ ба беҳтар намудани шароити кору ҳавасмандии моддӣ дар фаъолияти меҳнатии ҳамкорони зердасташ, нақл кард.


