Мулоқот бо президенти Бунёди фаъолияти иҷтимоии вилояти Свердловск "Идея"
Дар нимаи аввали рӯзи 20 январи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо президенти Бунёди фаъолияти иҷтимоӣ "Идея" (вилояти Свердловск) Михаил Самохин мулоқот намуд.
Дар ин мулоқоти судманд, ки дар фазои гарми дӯстӣ гузашт, ҳамкориҳо дар бахшҳои башарӣ ва маориф мавзӯи аслии гуфтугӯ гаштанд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода дар охири моҳи ноябри соли 2022, бар тибқи даъватномаи Бунёди фаъолияти иҷтимоӣ "Идея", ба шаҳри Полевскойи вилояти Свердловск сафар карда, дар телеконфронси мактаббачагони Литсейи маҳаллии рақами 21 таҳти унвони "Эрудит" ва мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 75-и шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарғибу густариши забони русӣ дар хориҷа ва ҳифзу ҳиросати забонҳои миллии модарӣ иштирок карда буд.
Бо пешниҳоди уралиҳо, мактаббачагони номбурда тайёранд на танҳо тавассути телеконфронс дарсҳои забони русиро бо услуби «бачагон ба бачагон» давом диҳанд, балки директори Литсейи политехникии рақами 21-и шаҳри Полевской Людмила Высотская омода аст ҳайати мактаббачагону муаллимони онҳоро аз шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон меҳмондорӣ намояд.
Дар чаҳорчӯбаи пружаи «Мили мармарӣ: рушди касбӣ» Мактаби байналмилалии ҳайкалтарошони ба номи С.Д.Эрьзя барои баргузории дарсҳои маҳорати ҳайкалтарошони ҷавон як ҳайкалтароши тоҷикистониро даъват карданист. Ҳамчунин аз мармар эҷод кардани асари санъатӣ дар услуби мактаби анъанавии миллии санъати сангтарошӣ дар назар аст.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пуштибонӣ аз ғояҳои уралиён, зимни мулоқот бо Михаил Самохин гуфт: "Чунин мубодилаҳои байнифарҳангӣ ба роҳандозӣ ва рушди муносибатҳои эътимодбахши байни мардумони дунё мусоидат мекунанд. Рушди дипломатияи кӯдакона махсусан дар замони муосир муҳим аст, зеро ин иқдомот имкон медиҳад риштаи нави муносибатҳои байналмилалӣ кашида шавад."


