Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург
Дар нимаи дуюми рӯзи 20 январи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова ва муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии(МНМШХ) шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаи Горнистов, 15/4 дидан карданд.
Дар ҷараёни суҳбати муфассали созанда бо сардори нави ин Марказ Евгений Ковшов, ки дар он намояндагони масъули умури шаҳрии судиҷрочиён ва раёсати вилоятии полиси россиягӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират низ фаъолона иштирок намуданд, натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соли 2022 ҷамъбаст шуда, ҷанбаҳои асосии Нақшаи он дар соли фарорасидаи 2023 возеҳ гардиданд.
Ҳамсуҳбатон аз сатҳу муҳтавои ҳамкорияшон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар ин пасманзар Евгений Ковшов ба фаъолияти Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Марказ ба хотири таваҷҷуҳ ба вазъу аҳволи шаҳрвандони Тоҷикистон ва риояи ҳуқуқҳои онон баҳои мусбат дод ва онро чун пешрафтаю пешгом арзёбӣ намуд.
Оид роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои мубраму ҳалталаби арсаи ҳамкорӣ, рафъи онҳо, ки дархури манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, якдигарфаҳмии комил ҳосил гардид.
Дипломати тоҷикистонӣ Евгений Ковшовро бо Ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадр намуд ва ба ӯ китобашро оид ба таърихи Россия тақдим кард.
Баъдан Консули генералӣ ва ҳамроҳонаш бо бошандагони Марказ аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон мулоқоти самимӣ карданд, ба саволҳояшон посух доданд, шароити нигаҳдорияшонро дар Марказ санҷиданд ва барояшон--бо кумаки хайриявии Ёқубҷон Умаров ва соҳибкори тоҷики муқими ш.Екатеринбург, узви нави Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимбек Мунавваров--дастархони ғании миллӣ оростанд.




