Суҳбат оид ба ҳамкорӣ бо табиби шинохтаи тоҷик дар ибтидои соли нави мелодӣ
17 январи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо табиби дар Тоҷикистон ва Россия шинохта, асосгузор ва роҳбари Иттиҳоди байналмилалии нависандагон ва табибон Муллозуҳур Тоҳирӣ мулоқот намуд.
Мусоҳибон муколамаи порсолаашонро роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши таблиғи арзишҳо ва василаҳои густариши тарзи ҳаёти солим дар миёни аъзои ҷамъияти бурунмарзии тоҷикистониён ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ, ки дар минтақаи Урал кору зиндагӣ мекунанд, идома доданд.
Муллозуҳур Тоҳирӣ Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Екатеринбург барои соли 2023 ба таври мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати иштироки фаъолона дар татбиқи амалии бандҳои дахлдори он изҳор намуд.
Яке аз мавзӯъҳое, ки баррасӣ шуданд, ин дар ҳамкорӣ бо соҳибкори муваффақи тоҷики муқими шаҳри Екатеринбург Зуҳал Муродов ба шабакаи тиҷоратии вилояти Свердловск дар шакли молҳои фурӯшӣ ворид намудани чойҳои тоҷикӣ аз гиёҳҳои дармонбахш буд, ки зарурати роҳандозии ин бахши ҳамкориро худи Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев 13 августи соли 2022 дар шаҳри Ирбит дар суҳбат бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буд.
Табиби шинохта ба дипломати тоҷик китобчаи пурмуҳтавои Пол Бреггро бо номи “Табобати дил бе дору ва мӯъҷизаи гуруснагӣ”, ки онро Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибони Тоҷикистон чанде қабл ба забони тоҷикӣ нашр кардааст, ҳадя намуд.
Дар ин суҳбати муфид журналисту корманди ҷавони умури давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Сангов иштирок дошт.


