Ҷаласаи аввалини Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар соли нави 2023
14 январи соли 2023 ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардид.
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ бо маросими супоридани Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамару қобили таҳсини ҷамъиятӣ ба аъзои он Мастбегим Ошурбекова, Абдулло Каримов ва Ёқубҷон Умаров оғоз гардид.Ифтихорномаҳоро дар фазои мутантан намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов супорид.
Дар ҷаласа ҳайати порсолаи Шӯрои ҷамъиятӣ бо баъзе тағйирот тасдиқ гардид.
Соҳибкорону ходимони шинохтаи ҷамъияти тоҷикони шаҳри Екатеринбург Файзулло Каримов, Тағойназар Сафаров ва Раҳимбек Мунавваров ба ҳайси аъзои нави Шӯрои ҷамъиятӣ интихоб гардиданд.
Теъдоди аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ аз 16 нафар ба 18 нафар расонда шуд.
Ҳайати Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург аз 14 январи соли 2023 чунин гашт:
1. Сайидзода Зафар Шералӣ--раиси Шӯро, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург(роҳбарию ҳамоҳангӣ ва назорати умумӣ);
2. Умаров Ёқубҷон Алуевич–муовини аввали раиси Шӯро, ходими фаъоли диаспораи тоҷикони вилояти Свердловск(кор бо боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва маҳбусини ҳамватан);
3. Қурбонов Субҳон Маҳмадраҳимович--котиби Шӯро, котиби дуюми Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург(равобит бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯён, ходимони ҷамъиятӣ);
4. Ошурбекова Мастбегим Файзуллобековна- раиси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикони вилояти Свердловск “Дидор”
(бахши фарҳангӣ ва варзишӣ);
5. Холиқов Беҳрӯз Умронович–муовини раиси Шӯро, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал
(масоили арсаи муҳоҷирати меҳнатӣ, боло бурдани сатҳи фарҳанги ахлоқию сиёсии ҳамватанон);
6.Бедимоғов Хушвахт Шарифович–роҳбари гурӯҳи ҳамватанон дар базаи чоруми меваю сабзавоти шаҳри Екатеринбург(равобити иқтисодӣ ва кор бо шарикони рушд);
7. Саидов Аҳлиддин Аҳмадович–соҳибкор ва ходими ҷамъиятӣ дар шаҳри Екатеринбург(кор бо ҷавонону донишҷӯён);
8. Шарифов Яздон Тоҳирович–роҳбари корхонаи мебелсозии шаҳри Екатеринбург(бахши фарҳангию варзишӣ);
9. Раҷабов Исломиддин Асоевич–раиси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикони вилояти Челябинск “Сомониён”, намояндаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар минтақаи Урал(равобити иқтисодӣ ва кор бо шарикони рушд);
10. Каримов Абдулло Саидович--раиси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикон “Пайванд” дар вилояти Тюмен(кор бо боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва маҳбусини ҳамватан);
11. Аминов Файзулло Исматович–раиси ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони муқими шаҳри Сургут “Ваҳдат”(кор бо боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва маҳбусини ҳамватан);
12. Соҳибов Сайидалӣ Орифович–имом-хатиби масҷиди ҷомеъ дар кӯчаи Репини шаҳри Екатеринбург(боло бурдани сатҳи фарҳанги ахлоқию сиёсии ҳамватанон);
13. Сандалов Маҳмадюсуф Умарович–муовини раиси Идораи рӯҳонии мусулмонони (Муфтиёти марказии) вилояти Свердловск(боло бурдани сатҳи фарҳанги ахлоқию сиёсии ҳамватанон);
14.Раҳимов Алишер Аловуддинович–роҳбари ҷамъияти маҳфилии донишҷӯёни тоҷикистонии Донишгоҳи федералии Урал ва мактабҳои олии шаҳри Екатеринбург
(кор бо ҷавонону донишҷӯён);
15.Каримов Файзулло Машрабович--соҳибкор ва ходими ҷамъиятӣ дар шаҳри Екатеринбург(равобити иқтисодӣ ва кор бо шарикони рушд);
16. Рӯзиев Рӯзӣ Қаҳҳорович–соҳибкор ва ходими ҷамъиятӣ дар шаҳри Тюмен(бахши фарҳангию варзишӣ);
17.Сафаров Тағойназар Ёқубович--соҳибкор ва ходими ҷамъиятӣ дар шаҳри Екатеринбург(кор бо ҷавонон ва донишҷӯён);
18.Мунавваров Раҳимбек-- соҳибкор ва ходими ҷамъиятӣ дар шаҳри Екатеринбург(кор бо ҷавонон ва донишҷӯён).
Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ лоиҳаи Нақшаи кори онро дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода,тасдиқ намуданд.
Аксарияти аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар мубодилаи озоду созандаи афкор иштирок намуда, ибрози назари хеш карданд.
Зимни ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаи Урал, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя кардани қонунгузории россиягӣ ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии (маҳаллии) кишвари иқомат, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ибрози андеша гардид.Тазаккур ёфт, ки, мутаассифона,то ҳол баъзе раванду ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонони тоҷикистонии муқими Россия ба мушоҳида мерасанд.Чунончӣ, аз ҷумла, аъзои созмону гурӯҳҳои номатлубу хатарзо, аз қабили ташкилоти дар қаламрави Тоҷикистону Россия мамнӯи «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва ташкилоти ифротгарои «Гурӯҳи 24», пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти таблиғотии муғризонаю иғвоангези худро пиёда намуда, ҷавонони ноогоҳу зудбоварро гумроҳ месозанд ва онҳоро барои содир намудани амалҳои зиддиконститутсионӣ ва террористиву экстремистӣ водор менамоянд.Дар ин иртибот иброз гардид, ки ҳар як узви Шӯрои ҷамъиятӣ бояд саъю кӯшиш намояд,то дар минтақаю арсаи фаъолияташ корҳои ғоявию фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонони тоҷикистонӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ густаришу тақвият бидиҳад.Ба ҳамватанони ҷавон бо далелу бурҳон фаҳмонад, ки ба таблиғоти муғризонаву бардурӯғи ҳизбу гурӯҳҳои болозикр дода нашаванд ва дар қаламрави кишвари иқомат аз пайи кори созанда ва ободии Ватану рӯзгори худ бошанд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои мубрам оид ба такмили минбаъдаи ҳамкории муассисаи консулӣ бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасию гуфтугӯ қарор дода шуданд.
Консули генералӣ, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар маҷрои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ--зодагони Тоҷикистон--барои ободию рушди Ватан ба ҳайси шарикони рушд, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манофеи қонунии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ, амалисозии чорабиниҳои гуногун ба хотири мутобиқсозии иҷтимоӣ--фарҳангии ҳамватанон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, ба шароиту воқеияти россиягӣ, тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонони тоҷикистонӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар қаламрави минтақаи Урали Россия махсус таъкид намуд.




