Мулоқоти муфид бо роҳбари ҷамъияти тоҷикистониёни шаҳри Магнитогорски вилояти Челябинск 

12.01.2023 18:28

Мулоқоти муфид бо роҳбари ҷамъияти тоҷикистониёни шаҳри Магнитогорски вилояти Челябинск 

12 январи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари ташкилоти ҷамъиятии шаҳри Магнитогорски вилояти Челябинск "Маркази миллӣ--фарҳангии тоҷикон "Иттиҳод"" Назаралӣ Ҳомидов мулоқот намуд.

Дар мулоқот  котиби дуюми Консулгарӣ Субҳон Қурбонов, фаъолони намоёни ҷамъияти тоҷикистониёни шаҳри Магнитогорск Маъруф Раҳматуллоев ва Шералӣ Саидов иштирок намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрам оид ба такмили минбаъдаи ҳамкории муассисаи консулӣ бо роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳод"- и шаҳри Магнитогорск мавриди баррасию гуфтугӯ қарор дода шуданд.

Консули генералӣ зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар маҷрои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ--зодагони  Тоҷикистон--барои ободию рушди  Ватан ба ҳайси шарикони рушд, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манофеи қонунии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ, амалисозии чорабиниҳои гуногун ба хотири мутобиқсозии иҷтимоӣ--фарҳангии ҳамватанон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, ба шароиту воқеияти россиягӣ, тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонони тоҷикистонӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳуввияти миллӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар қаламрави минтақаи Урали Ҷанубӣ ва, умуман, Россия махсус таъкид намуд. 

Назаралӣ Ҳомидов аз Консули генералӣ эҳтиромона даъват ба амал овард, ки дар давоми соли 2023 ба шаҳри Магнитогорск сафари корӣ  намуда, бо аъзои ҷамъияти тоҷикистониёни ин шаҳри минтақаи Урали Ҷанубӣ мулоқотҳои муфид доир созад.

magni-1.jpg

kr-4444.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg