Иштироку суханронӣ дар чорабинии маърифатии "Шаҳрҳои аҳди Петри Кабир.Урал" дар шаҳри Екатеринбург
27 декабри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар чорабинии маърифатӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Шаҳрҳои аҳди Петри Кабир. Урал» ва дар маросими ифтитоҳи қароргоҳи шуъбачаи Ҷамъияти ҷуғрофии Россия дар вилояти Свердловск, ки дар бинои Технопарки салоҳиятҳои универсалии омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал баргузор гардиданд, иштироку суханронӣ намуд.
Дар соли 2022 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал муштарак бо шуъбачаи Ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии «Ҷамъияти ҷуғрофии Россия» дар вилояти Свердловск пружаи «Шаҳрҳои аҳди Петри Кабир. Урал»-ро амалӣ намуд, ки ба тарбияи ватандӯстӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи сарзамини зодгоҳӣ, рушду тавсеаи иктидори туризми маърифатӣ дар шаҳрҳои минтақаи Урал равона гардида буд.
Дипломат ва олими тоҷик зимни суханронияш ба иштирокчиёни чорабинии маърифатӣ бори дигар китоб--воситаи таълимии "Таърихи мухтасари Россия"--ро, ки муаллиф--мураттиби он мебошад, муаррифию тақдим кард.
Суханронии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба китоби таълимии болозикр дар бораи таърихи Россия, ки дар раванди мутобиқсозии иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон нақши муфид дорад, инчунин роҷеъ ба таърихи навтарин, вазъ ва дурнамои равобиту муносиботи Тоҷикистону Россия бо таваҷҷуҳу мароқи зиёд пазируфта шуд.



