Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони давлатҳои хориҷии назди Сарвари шаҳри Екатеринбург
23 декабри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони кишварҳои хориҷии назди Сарвари шаҳри Екатеринбург дар бином Маркази байналмилалии намоишгоҳии «Екатеринбург-ЭКСПО» иштироку суханронӣ намуд.
Ҷаласа таҳти раёсати Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов баргузор шуд.
Дар ҷаласа намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Ярин, муовини Сарвари шаҳри Екатеринбург, роҳбари дастгоҳи Маъмурияти шаҳри Екатеринбург Марина Фадеева, роҳбарони муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои дипломатии давлатхои хориҷӣ, ки дар шаҳри Екатеринбург сабти ном шудаанд, иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои асосии кори Шӯро дар соли 2022 ҷамъбаст гардида, оид ба нақшаи ҳамкориҳо дар доираи он дар соли 2023, ки соли ҷашни 300-солагии пойтахти уралӣ мебошад, мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Қабл аз ҷаласаи Шӯрои намояндагони давлатҳои хориҷӣ бо иштироки аъзояш ва шахсони даъватшуда дар майдони яхи павилёни чоруми Маркази байналмилалии намоишгоҳии «Екатеринбург-ЭКСПО» мусобиқаи кёрлинг баргузор гардид.Кёрлинг ба навъҳои бозиҳои олимпӣ шомил буда, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон маъмул аст ва таърихи беш аз 500-сола дорад.


