Суханронӣ дар «мизи мудаввар» оид ба масъалаҳои мубрами мутобиқсозии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирон

23.11.2022 13:54

Суханронӣ дар «мизи мудаввар» оид ба масъалаҳои мубрами мутобиқсозии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирон

23 ноябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар "мизи мудаввар"--и коршиносон дар мавзӯи «Масъалаҳои   мубрами мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирон: ҷанбаҳои маънавӣ ва ҳуқуқӣ», ки дар шаҳри Екатеринбург дар доираи ҷашни 1100-солагии қабули дини мубини ислом дар қаламрави Булғористони Волга барпо гардид, иштироку маърӯза кард.

“Мизи мудаввар” аз ҷониби Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия, Идораи рӯҳонии мусулмонони вилояти Кемеровои Федератсияи Россия бо пуштибонии Бунёди фарҳанг, илм ва маорифи исломӣ доир карда шуда буд.

Модератори «мизи мудаввар» дотсенти кафедраи диншиносии Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал Алексей Старостин буд.

Дар сароғози «мизи мудаввар» аз номи роҳбарони Департаменти сиёсати дохилии вилояти Свердловски Федератсияи Россия, Палатаи ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия суханрониҳои шодбошӣ қироат карда шуданд.

Маърӯзаи дипломати тоҷик дар «мизи мудаввар» ба ҷанбаҳои ақидативу ҷаҳонбинии раванди мутобиқшавии шаҳрвандони ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ба муҳити муосири иҷтимоию фарҳангии Россия дар мисоли оятҳои марбутаи Қуръони Маҷид оид ба  гуногунии динӣ-конфессионалии ҷаҳон бахшида шуда буд.

Дар "мизи мудаввар" муовинони муфтии Идораи рӯҳонии мусулмонон--Муфтиёти марказии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Маҳмадюсуф Сандалов ва Иброҳим Ёқубов, президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷикон «Дидор»" Мастбегим Ошурбекова ва узви Шӯрои ҷамъиятии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Яздон Шарифов фаъолонаю шоиста ширкат варзиданд.Мастбегим Ошурбекова роҷеъ ба мавзӯи "мизи мудаввар" маърӯзаи ҷолиб кард.

muhojir-din-0.jpg

muhojir-din-1.jpg

muhojir-din-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg