Боздид аз намоишгоҳи "InterFood Ural - 2022" дар шаҳри Екатеринбург

22.11.2022 18:05

Боздид аз намоишгоҳи "InterFood Ural - 2022" дар шаҳри Екатеринбург

22 ноябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--бо даъвати Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Ярин--аз Намоишгоҳи озуқа ва нӯшокиҳо «InterFood Ural--2022» ва Намоишгоҳи таҷҳизот, бастабандӣ ва унсурҳои ғизоӣ «FoodTech Ural--2022» дар бинои Маркази байналмилалии намоишгоҳӣ "Екатеринбург--ЭКСПО" дидан кард.

Намоишгоҳи "Inter Food Ural--2022"  корпояи нодири минтақавӣ буда, дар он истеҳсолкунандагону  интиқолдиҳандагони маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо имкони пайдо кардани муштариёну шариконро дар миёни намояндагони шабакаҳои  байналмилалӣ, федералӣ, минтақавӣ, ширкатҳои яклухт ва муассисаҳои ғизои ҷамъиятӣ доранд.

«FoodTech Ural» ягона намоишгоҳи махсусгардонидашудаи минтақаи Урал дар бахши таҷҳизот ва унсурҳои ғизоӣ, бандубаст, тамғахо ва маводҳо барои истеҳсоли хӯрокворию муассисаҳои ғизои ҷамъиятӣ мебошад.

 Аз эҳтимол дур нест, ки дар ояндаи наздик дар доираи намоишгоҳҳои дар болозикр, ки таваҷҷуҳи доираҳои расмӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро ба худ ҷалб кардаанд, дастовардҳои марбутаи истеҳсоливу иқтисодии Тоҷикистони муосир низ мавриди муаррифӣ қарор дода шаванд.

fud-1.jpg

fud-2.jpg

fud-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg