Иштирок дар "Сабқати байналмилалии лоиҳаҳои шаҳрӣ" дар ш. Екатеринбург
17 ноябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--дар яке аз толорҳои Маркази байналмилалии намоишгоҳӣ «Екатеринбург--ЭКСПО» - дар чорабинии байналмилалӣ таҳти унвони «Сабқати байналмилалии лоиҳаҳои шаҳрӣ», ки дар доираи Форуми шашуми умумироссиягии стратегияи рушд «Шаҳрҳои Россия - 2030: чолишҳо ва иқдомот 2.0» баргузор гардид, иштирок кард.
Дар ин чорабинии сектсиявӣ шахсан Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами эҷоди муҳити бароҳати шаҳрӣ баҳри саодати сокинон суханронӣ кард.
Ҷаласаи сектсиявиро муовини директори бахши "Иқтисоди шаҳрӣ"--и Агентии маҳаллии ибтикороти стратегӣ Ольга Вовк барандагӣ мекард.
Пас аз суханронии ҳафт нафар маърӯзачии ҷаласаи сектсиявӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба мавзӯи он дар мубодилаи озоди афкор ширкат намуд.


