Суҳбати судманд бо намояндаи дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари созмони ҷамъиятии ҷавонони тоҷики муқими вилояти Челябинск
21 ноябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ ва муовини Роҳбари диаспораи тоҷикони муқими вилояти Челябинск (Исломуддин Раҷабов) оид ба умури ҷавонон-- раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони тоҷики муқими ин вилоят «Истиқлол» Фазлиддин Ғаффоров мулоқот намуд.
Зимни суҳбати муфиди тӯлонӣ Фазлиддин Ғаффоров дар бораи ҳадафу вазифаҳои ташкилоти ҷамъиятии вилоятии ҷавонони тоҷик, ки сарвари он мебошад, иттилоъ дода, омодагии худро – таҳти роҳбарии узви Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Исломуддин Раҷабов--барои ҳамкории муассир дар маҷрои фароху васеи масъалаҳои сиёсати соҳаи ҷавонон изҳор кард.
Мусоҳибон ҷанбаҳои асосии нақшаи муштараки ҳамкориҳоро дар арсаи фаъолият миёни ҷавонони тоҷикистоние, ки ба минтақаи Урал барои таҳсил ва кор омадаанду меоянд, барои соли ояндаи 2023 баррасӣ намуда, ба мавзӯъҳои марбут ба зарурат, роҳҳо ва василаҳои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва маънавию ахлоқияшон ва ҳифзи ҷавонон аз таъсири харобиовари идеологияҳои барои ҷомеа хатарнок ва ҳизбу ҷунбишҳои сиёсии мамнӯи дорои хусусияти ифротгароӣ--террористӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.



