Иштирок дар "мизи мудаввар" бахшида ба ҳамкориҳои Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи маориф тайи 30 соли охир
18 ноябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар "мизи мудаввар"--и «Россия-Осиёи Марказӣ: ҳамкорӣ дар соҳаи маориф дар қаринаи 30-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ», ки дар бинои Технопарки салоҳиятҳои универсалии педагогии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал дар доираи Форуми байналмилалии илмӣ--маърифатӣ таҳти унвони «Омӯзгори имрӯза–нигоҳ ба оянда» баргузор гардид, иштироку маърӯза кард.
Ҳамкорони ӯзбекистонию қирғизи дипломати тоҷик Абдусалом Ҳотамов ва Руслан Бийбосунов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал Светлана Минюрова, муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Берг, муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Фарғона Акмалҷон Уринов дар шакли суханронии шодбошӣ, инчунин наздики даҳ нафар иштирокдорони онлайнӣ аз кишварҳои хориҷӣ дар шакли маърӯзаи илмӣ, дар "мизи мудаввар" ибрози назар карданд.
Дар "мизи мудаввар" мудири кафедраи психологияи умумӣ ва педагогии факултети психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои равоншиносӣ Наимҷон Абдурашитов аз шаҳри Душанбе тариқи онлайнӣ баромад намуда, маърӯзаи худро ба мавзӯи «Асосҳои психологию педагогии пуштибонии инфиродии кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсуси маърифатӣ дар муассисаҳои таълимии умумӣ» бахшида буд.
Модератори «мизи мудаввар» директори Маркази ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал, номзади илмҳои педагогӣ Елена Колесова буд.
Пас аз анҷоми "мизи мудаввар" ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал Светлана Минюрова махсус барои дипломати тоҷик ба таври муфассалу моҳирона бахшҳои мухталифи технопарки Донишгоҳро муаррифӣ намуд.


