Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони давлатҳои хориҷии назди Сарвари шаҳри Екатеринбург
Дар нимаи дуюми рӯзи 16 ноябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар яке аз толорҳои Маркази байналмилалии намоишгоҳӣ "Екатеринбург-- ЭКСПО"--дар доираи Форуми шашуми умумироссиягии стратегияи рушд «Шаҳрҳои Россия – 2030: чолишҳо ва иқдомот 2.0» дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони давлатҳои хориҷии назди Сарвари шаҳри Екатеринбург, ки дар ҷараёни он мавзӯи "Шаҳри глобалӣ--маркази фаъолнокии ҷомеаи ҷаҳонӣ" мавриди баррасӣ қарор ёфта буд, иштирок намуд.
Ҷаласаи Шӯроро Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов ифтитоҳ намуда, барандагӣ мекард.
Дар кори ҷаласаи Шӯро намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов ширкат варзида, суханронии ҷолибу мароқангез дошт.
Яке аз иштироккунандагони фаъоли ҷаласаи Шӯро муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Берг буд.
Пас аз хатми ҷаласаи Шӯро Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо хабарнигори Шабакаи телевизионии федералии «Россия-1» оид ба мавзӯи ин чорабинии муҳим мусоҳиба анҷом дод.



