Иштирок дар Ҳамоиши ҷавонони Тоҷикистону Россия дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 ноябри соли 2022 дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар Ҳамоиши ҷавонони Тоҷикистон ва Россия иштироку суханронӣ намуд.
Форумро бо сухани шодбошӣ роҳбари нави Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ Александр Вагнер ифтитоҳ намуд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии Ҳамоиш намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, генерал-майор Абдусаттор Фаттоҳзода, муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов низ суханрониҳои ҷаззобу пурмуҳтаво карданд.
Форуми мазкур ҳамасола баргузор гардида, яке аз чорабиниҳои калидӣ дар арсаи ҳамкориҳо миёни ҷавонон, дар бахшҳои маорифу илми байни муассисаҳову ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мебошад.
Имсол Форум дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки фаъоли раиси созмони минтақавии ҷамъиятии тоҷикони муқими вилояти Челябинск "Маркази миллию фарҳангии "Сомониён"" Исломуддин Раҷабов, ба кори худ оғоз кард.
Дар ин чорабинӣ 50 нафар ҷавонони аз 18 то 35--сола аз Тоҷикистон ва Россия (аз ҳар ҷониб 25 нафар), аз ҷумла намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, пешсафони ҷавон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, намояндагони ВАУ ва ходимони сохторҳои татбиқсози сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон ва Россия, иштирок намуданд.
Дар соли 2022 Форум ба рушди воситаҳои ахбори умуму фазои иттилоотии ҷавонон бахшида шуда буд.Дар барномаи чорабинӣ дарсҳои маҳорат, лексияҳо ва бозиҳои корӣ оид ба масъалаҳои мубрами рушди ВАУ дар Тоҷикистон ва Россия буданд.
Созмондиҳандагони ин Ҳамоиш як қатор муассисаҳо, идораҳо ва сохторҳои Россия, аз ҷумла Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия, маҳсуб меёбанд.
Пас аз ҷаласаи ифтитоҳии Ҳамоиш Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Александр Вагнер дар дафтари корияш оид ба масъалаҳои гуногуни ҳамкорӣ дар фазои созандаю дӯстона суҳбати тӯлонӣ доштанд.



