Дар шаҳри Челябинск Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантанаю пурмуҳтаво таҷлил гардид

15.11.2022 13:27

Дар шаҳри Челябинск Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантанаю пурмуҳтаво таҷлил гардид

Шоми 15 ноябри соли 2022 дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбарону фаъолони диаспораи тоҷикони муқими вилояти Челябинск  баргузор гардид. 

Ҷаласаи мазкур ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Дар вохӯрӣ инчунин намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, генерал-майор Абдусаттор Фаттоҳзода, муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов иштироку суханрониҳои ҷолибу пурмуҳтаво намуданд.

Суханрониҳои Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аҳамияту сабақҳои таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳо ва ҳадафҳои асосии давраи Истиқлолияти давлатӣ, дар бораи нақши мусбати муҳими Россия--шарики калидии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон--дар шаклгирию рушди он ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол, роҷеъ ба нақши аъзои диаспораи тоҷикони муқими Россия ба ҳайси шарики рушди сарзамини аҷдодӣ, роҳу василаҳои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ахлоқию маънавӣ ва ҳуқуқии насли наврасу ҷавон аз ҷониби ҳозирин бо таваҷҷуҳи зиёд шунида шуданд ва писанд омаданд.

Ин чорабинӣ, ки дар фазои хеле самимӣ доир гашт, бо барномаи хуби фарҳангӣ анҷом ёфт.

CHelyabinsk-ruzi-prezident-1.jpg

CHelyabinsk-ruzi-prezident-2.jpg

CHelyabinsk-ruzi-prezident-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg