Анвои тарроҳии либосҳо аз матоъҳои миллии тоҷикӣ дар ифтитоҳи "Ҳафтаи мӯд дар шаҳри Екатеринбург"

08.11.2022 11:53

Анвои тарроҳии либосҳо аз матоъҳои миллии тоҷикӣ дар ифтитоҳи "Ҳафтаи мӯд дар шаҳри Екатеринбург"

Шоми 8 ноябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--бо даъвати директори "Ҳафтаи мӯд дар ш.Екатеринбург" Надежда Матюхина--дар ифтитоҳи мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯд дар шаҳри Екатеринбург, ки миқёси умумироссиягӣ гирифтааст, дар бинои Маркази рушди тарҳрезии Урал иштирок намуд.

Дар ифтитоҳи чорабинии болозикр на танҳо аз вилояти Урал, балки аз шаҳрҳои гуногуни Россия 60 дизайнер, ҳамчунин моделҳои маъруф ширкат карданд.

Дар яке аз коллексияҳои тарроҳии либосҳои муаррифишаванда(муаллифаш Наталья Мишукова), ки дар рӯзи аввали Ҳафтаи мӯди Екатеринбург намоиш дода шуданд, матоъҳои миллии тоҷикӣ(асосан адрас) бартарӣ доштанд.

9 ноябри соли 2022 беш аз 25 навовари Ҳафтаи мӯд бори аввал ба саҳна  баромаданд. Дар миёни онҳо магистрҳо ва бакалаврҳои Донишгоҳи давлатии меъморию  бадеии Урал буданд.
 
11 ноябр меҳмонони шинохтаи Ҳафтаи мӯд, ки  донандагони зебоӣ мунтазирашон мебошанд, ба саҳна мебароянд. Дар миёни онҳо тарроҳи шинохтаи россиягӣ Ҷамол Маҳмудов низ ҳаст.Вай  коллексияи тарроҳии худро ҳам ба ин чорабинии фарҳангӣ меоварад.

 Дар рӯзи аввали «Ҳафтаи мӯд дар ш.Екатеринбург» дар рӯйи саҳна бисёр чеҳраҳои зебою рангҳои дурахшон ва ғояҳои  илҳомбахш  ҷилвагар буданд.

dizainer-1-atlas.jpg

dizainer-2-atlas.jpg

dizainer-3-atlase.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg