Суҳбати муфид бо рӯҳонии исломӣ аз шаҳри Челябински Россия
9 ноябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо имоми масҷиди ба номи Исмоили шаҳри Челябинск Саидисҳоқ Маҳдизода Олимов мулоқот намуд.
Дипломати тоҷик ҳамсуҳбати худро бо 25-умин солгарди бунёди масҷиди номбурда, ки 20 ноябри соли 2022 ин сана ботантана таҷлил мешавад, табрику таҳният гуфт.
Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкории Консулгарӣ ва рӯҳониёни мусулмонони шаҳри Челябинск дар самти мусоидат ба беҳсозию такмили муносибатҳои байнимиллӣ ва байнидинӣ, боло бурдани сатҳи тарбияи ахлоқии насли наврас дар заминаи дарки амиқу дурусти дини мубини ислом ва такя ба маҷмӯи арзишҳои эътирофшудаи ахлоқӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи Консули генералӣ ва ҳамсуҳбаташ ҳамчунин ба корҳои муштараки ғоявию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати дур кардани диндорони ноустувору калаванда, бахусус ҷавонон, аз ҳизбу ҷунбишҳои сиёсии дар Россия ва Тоҷикистон мамнӯъ, ки парчами диниро муғризонаю ноҳаққона барои анҷом додани фаъолияти дорои хусусияти ифротгароиву террористӣ истифода мебаранд, зоҳир гардид.
Таъкид шуд, ки агар дин ба сиёсат табдил ёбад, моҳияти худро гум мекунад.

