Суҳбати судманд оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар сатҳи соҳибкорон
8 ноябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар утоқи кориаш бо иштироки котиби Ротари клуб «Маркази Екатеринбург» Леонид Засыпкин ва узви Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, роҳбари ҷамъияти тоҷикистониён--кормандони пойгоҳи чоруми меваю сабзавоти шаҳри Екатеринбург Хушвахт Бедимоғов мулоқот доир намуд.
Леонид Засыпкин дар мулоқот аз номи доираҳои алоҳидаи соҳибкории вилояти Свердловск гуфтугӯ мекард.
Суҳбати судманд--ба дар маҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ--пайдо кардани роҳҳо, василаҳо ва тариқаҳои дар ояндаи наздик зиёд кардани ҳаҷми содироти мустақиму бевоситаи меваю сабзавоти хушсифату болаззати тоҷикистонӣ ба бозори истеъмолии вилояти Свердловск бахшида шуда буд.
