Боздид аз Техникуми саноатию технологии ш.Екатеринбург дар арафаи иди Ваҳдати мардумии Россия

03.11.2022 06:30

Боздид аз Техникуми саноатию технологии ш.Екатеринбург дар арафаи иди Ваҳдати мардумии Россия

3 ноябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз Техникуми саноатию технологии шаҳри Екатеринбург ба номи В.М.Курочкин, ки дар он алъон дар бахшҳои рӯзонаю ғоибона шаст нафар зодагону шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, дидан кард.

Яке аз сабабҳои боздид аз ин муассисаи таълимии тахассусии касбӣ, ки дар минтақаи Урали Миёна ва берун аз он шинохта мебошад, ширкат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати мардумии Россия буд.

Дар ин чорабинии идона ба дипломати тоҷик  намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ва президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷикон «Дидор»" Мастбегим Ошурбекова  фаъолона ҳамроҳӣ намуданд.

Дар чорабинӣ директори ин техникум Мария Карабут ва намояндаи  маъмурияти ноҳиявӣ Ирина Пирогова бо сухани ифтитоҳиву шодбошӣ баромад карданд.

 Консули генералии Тоҷикистон ҳозиринро бо ҷашни дарпешистодаи умумироссиягии Ваҳдати мардумӣ табрик карда, орзуҳои нек баён намуд.Дидгоҳи дипломати тоҷик оид ба фаъолияти Консулгарӣ, созмонҳои миллӣ--фарҳангии тоҷикон дар минтақаи Урал ва ҳамкориҳояшон, роҷеъ ба таърих, вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Россия, перомуни  масъалаҳои мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҳамгироии шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз омадан ба Россия барои таҳсил,  фаъолияти меҳнатии муваққатӣ ва иқомати доимӣ мавриди таваҷҷуҳи зиёди иштирокдорони чорабинии фарҳангии идона қарор гирифт.

Аҳли ҳозирин маърӯзаи муаррификунандаи Мастбегим Ошурбековаро оид ба ҳадафҳо, вазифаҳо, сохтор ва натиҷаҳои фаъолияти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии  тоҷикон «Дидор» бо мароқи зиёд қабул намуданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ, ки дар он кӯдакону наврасони боистеъдоди тоҷик бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ шеърҳои баландпояро иҷро намуда, тавассути санъати рақс эҳсосу маҳорати нозуки бадеии миллиро ба маърази намоиш гузоштанд, ба қалби ҳамагон суруру илҳом бахшид.

Иштирокчиёни чорабинии идона ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ карданд.

ruzi-muttahidi-1.jpg

ruzi-muttahidi-2.jpg

ruzi-muttahidi-35.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg