Боздид аз чорабинии фарҳангӣ дар Донишгоҳи федералии Урал

04.11.2022 11:23

Боздид аз чорабинии фарҳангӣ дар Донишгоҳи федералии Урал

 Шоми 4 ноябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--бо даъвати маъмурияти Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти аввалини Россия Б.Н. Елтсин--дар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони "Санъати ҷаҳонӣ қарин мегардонад" иштирок намуда, суханронӣ кард ва аҳли ҳозиринро шодбош гуфт.

 Ин чорабинӣ дар бинои асосии таълимии Донишгоҳи болозикр дар доираи иқдоми умумироссиягии «Шаби санъат» бахшида ба Соли мероси фарҳангии мардумони Россия баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳунармандони ҷавон ва дастаҳои эҷодии Донишгоҳи федералии Урал ва шарикони он, ки фарҳанги мардумони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Чин, Африқо, Амрикои Лотинӣ, кишварҳои арабӣ ва Россияро намояндагӣ мекарданд, бо суруду рақсҳо баромад карданд.

Феълан дар Донишгоҳи федералии Урал 278 донишҷӯйи тоҷикистонӣ таҳсил мекунанд ва маъмурияти ин донишгоҳи пешсафи Россия ба фаъолияти марбут ба пуштибонии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар мавриди масъалаҳои густариши ҳамкорию ҳамдастии гуногунҷанба бо онон баҳои баланд медиҳад.

donishgoh-ural-1.jpg

donishgoh-ural-2.jpg

donishgoh-ural-3e.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg