Суҳбати пурсамар бо роҳбари ширкати муваффақи нақлиётӣ

02.11.2022 03:08

Суҳбати пурсамар бо роҳбари ширкати муваффақи нақлиётӣ

1 ноябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо директори генералии ҶСП «Хуҷанд-Транс-Сервис» Рустам Қурбонов мулоқот намуд.

Зимни суҳбат Рустам Қурбонов ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба фаъолияти ширкати «Хуҷанд-Транс-Сервис» дар соҳаи интиқоли транзитии мусофирони дар хатсайри мунтазами  байналмилалии ҳаракати автобусҳои мусофиркаш "ш.Екатеринбург (Россия) - ш.Бохтар (Тоҷикистон)" муфассал иттилоъ дод.

Дипломати тоҷик, бо зикри аҳамияти таъмини муттасилӣ, бароҳатӣ, босифатӣ ва бехатарии ҳамлу нақли байналмилалии мусофирбар тавассути автобусҳо, омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба Рустам Қурбонов, ҳамчун роҳбари як ширкати муваффақу шинохтаи нақлиётӣ, дар роҳандозию густариши ҳамкориҳои судманд бо мақомоти маҳаллии давлатии вилоятҳо ва ҳавзаҳои мухтори шомили минтақаи масъулияти Консулгарии генералии Ҷумхурии Тоҷикистон дар шахри Екатеринбург изҳор намуд.

Мусоҳибон якдилона иброз доштанд, ки--дар сурати ризояти ҷониби россиягӣ--роҳандозии  интиқоли мунтазами транзитии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи хориҷшавандагони иҷборӣ низ  тавассути автобусҳои бароҳати ҶСП «Хуҷанд-Транс-Сервис» аз вилояти Свердловск (ин кор дар вилояти ҳамҷавори Челябинск аллакай амалӣ гаштааст) ба Ватан  бо чиптаи нисбатан арзон мувофиқи мақсад мебошад.

rustam-moshin-tojir.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg