Иштироку суханронӣ дар ҷаласаҳои ифтитоҳӣ ва пленарии Форуми екатеринбургии байналмилалӣ оид ба маҳкум гаштани натсизм, ифротгароӣ ва барангехтани адовати миллӣ
27 октябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар пойтахти уралӣ дар кори Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Нюрнберг, Токио, Хабаровск: амалияи ҷаҳонӣ дар арсаи маҳкум намудани натсизм, ифротгароӣ ва барангехтани адовати миллӣ» иштироку суханронӣ намуд.
Суханронии олиму дипломати тоҷик бо чапакзании бардавоми аҳли ҳозирин истиқбол гирифта шуд.
Ин Форуми байналмилалӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал баргузор гашта, аз ҷониби Ҳукумати вилояти Свердловск муштарак бо Донишгоҳи болозикр, таҳти пуштибонии Агентии федералии Федератсияи Россия оид ба кор бо ҷавонон, ташкил шуда буд.
Иштироккунандагони он, қабл аз ифтитоҳ гаштани шудани Форум, бо намоишгоҳи ҷолиби асноди таърихӣ (аз рӯйи маводҳои Раёсати бойгонии вилояти Свердловск) бахшида ба трибуналҳои баъдиҷангии Нюрнберг, Токио ва Хабаровск ошно шуданд.
Суханронии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ҷаласаи пленарии Форум таҳти унвони "Мурофиаи Нюрнберг. Таъсир ба таърих ва рушди ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ" ба мавзӯи такмили ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар нигаҳдорию хифзи хотираи таърихӣ, ташаккули шуури асили таърихии наслҳои ҷавон бахшида шуда, аз минбари толори барҳавои Хонаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии иктисодии Урал садо дод.
Вижагии Форуми байналмилалӣ дар он буд, ки дар доираи он якчанд корпояҳои мубоҳисавии байналмилалӣ фаъол буда, дар миёни онҳо ҷаласаҳои махсус бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои шомили низоми Созмони Милали Муттаҳид, кори самаранокро анҷом доданд.
Дар Ҳамоиши байналмилалӣ намояндагони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Прокуратураи генералии Федератсияи Россия, Вазорати корҳои хориҷии Россия, таърихшиносони маъруф, коршиносони соҳибистеъдод, ходимони барҷастаи ҷамъиятии Россия ва давлатҳои хориҷӣ бевосита ва аз тариқи онлайнӣ ширкат варзиданд.


