Иштирок дар гуфтушуниди онлайнии муовини Губернатори вилояти Свердловск ва муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 октябри соли 2022--бо иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--мулоқоти онлайнии муовини Губернатори вилояти Свердловск Василий Козлов ва муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода баргузор гардид.
Дар музокироти маҷозӣ роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои вилояти Свердловск низ ширкат доштанд.
Дар доираи мулоқоти онлайнӣ муаррифии имконоти сармоявии минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон сурат гирифта, ҷонибҳо дурнамои бунёди майдонҳои истеҳсолиро дар ҳудуди ин минтақаҳо ҷиҳати содироти минбаъдаи маҳсулоти истеҳсолиашон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳои наздик баррасӣ шуд.
Тазаккур дода шуд, ки минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дорои инфрасохтори пешрафта ва имтиёзҳои назарраси марбут ба андозбандӣ буда, давлати Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқи сармоягузоронро, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, таъмин менамояд.
А.С.Абдураҳмонзода мавҷуд будани ҳавасмандии кишварҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзро ба интиқоли маҳсулоти тавлиди ширкатҳои истеҳсолии вилояти Свердловски Федератсияи Россия таъкид кард.
В.В.Козлов иттилоъ дод, ки корхонаҳои коркарди чӯбу тахта ва дигар соҳаҳои саноати коркарди вилояти Свердловск ба содироти маҳсулоташон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
манфиатдоранд.
Дар бораи табодули феҳристи корхонаҳои содиротӣ ва идомаи муколама оид ба рушди ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд паймон ҳосил шуд.

