Иштироку ибрози назар дар мизи мудаввар оид ба мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ ба воқеияти нави иҷтимоии россиягӣ

30.09.2022 15:47

Иштироку ибрози назар дар мизи мудаввар оид ба мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ ба воқеияти нави иҷтимоии россиягӣ

30 сентябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода роҷеъ ба ҷанбаҳои мубрами равандҳои мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар шароити ҷомеаи муосири россиягӣ дар  мизи мудаввари коршиносон таҳти унвони «Мушкилоти муосир дар раванди мутобиқшавии иҷтимоию иқтисодии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ дар ҷомеаи пазиро», ки дар шаҳри Екатеринбург таҳти сарпарастии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди бахши  уралии Академияи илмҳои Россия баргузор гардид, маърӯза кард.

Дар мизи мудаввар мушкилоти асосии равандҳои муҳоҷират дар шароити воқеияти нави иҷтимоии Россия баррасӣ шуд.

Иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба такмили стратегияҳои тадқиқоти илмӣ ва таҳияи тавсияҳои амалӣ оид ба мавзӯи  баррасишаванда мубодилаи муфиди афкор намуданд.

Ҳадафи асосии ин чорабинии коршиносӣ таҳияи тасмимҳои муштараки ҷонибҳои манфиатдор оид ба такмили тариқаҳову василаҳои мутобиқсозии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ дар ҷомеаи пазиро бо дарназардошти воқеияти муосир буд.

Дар фаъолияти мизи мудаввар муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Олег Александрин, Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, роҳбари созмони минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷикон "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова ширкат варзиданд.

muhojir-30-1.jpg

muhojir-30-2.jpg

muhojir-30-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg