Дар шаҳри Екатеринбург Консули генералии Тоҷикистон дар мизи мудаввар бахшида ба маъноҳои нави сайёҳии фарҳангию маърифатӣ суханронӣ кард

30.09.2022 15:42

Дар шаҳри Екатеринбург Консули генералии Тоҷикистон дар мизи мудаввар бахшида ба маъноҳои нави сайёҳии фарҳангию маърифатӣ суханронӣ кард

30 сентябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар мизи мудаввар дар мавзӯи «Маъноҳои нави сайёҳии фарҳангию маърифатӣ», ки дар Маркази екатеринбургии  тиҷорати  байналмилалӣ дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «EXPOTRAVEL-2022» баргузор гардид, иштирок ва роҷеъ ба имконоту ҷаззобияти сайёҳии Тоҷикистон маърӯза кард.

Дар мизи мудаввар масъалаҳои рушди шаклҳои нави сайёҳии фарҳангӣ-маърифатӣ дар шароити муосир,  мавзӯҳои марбут ба ҳамкории соҳаи сайёҳӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, саноатӣ ва дигар корхонаҷот дар доираи Консепсияи баланд бардоштани сатҳи ҷолибияти сайёҳӣ, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи саноати сайёҳӣ ва  меҳмоннавозӣ, шаклҳои нави ҳамкорӣ бо муштариён дар арсаи сайёҳии фарҳангию маърифатӣ  мавриди баррасию гуфтугӯ қарор гирифтанд.

Дар байни иштироккунандагони мизи мудаввар, ба ғайр аз ходимони илмӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, вазорату идораҳои давлатии вилояти Свердловск, роҳбарони корхонаҳои маҳаллии саноати сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ҳузур доштанд. 

Қабл аз оғози мизи мудаввар Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо мухбирони шабакаи федералии телевизионии "Россия--1--Урал" ва  умури  телевизионии "Федерал Пресс" мусоҳибаҳои матбуотӣ дошт.

turizm-30-5.jpg

turizm-30-0.jpg

turizm-30-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg