Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи хизматчиёни дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.09.2022 17:34

30 сентябри соли 2022 дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки собиқ Вазири корҳои хориҷӣ академик Талбак Назаров ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат  маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи хизматчиёни дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфт. Вазир дар суханронии худ қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар  дар даврони Истиқлолият на танҳо равобити судмандро бо давлатҳои ҷаҳон барқарор кард, балки бо  татбиқи дипломатияи  хосси худ, ки ба ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ба ҳайси як кишвари фаъол, ташаббускор ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Дар навбати худ Академик Талбак Назаров зимни суханронияш аз таърихи ташаккул, душвориҳо ва дастовардҳои соҳаи дипломатия дар Тоҷикистон ва сиёсати хориҷии фаъоли он зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.

  •  

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg