Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Корея

30.09.2022 16:30

30 сентябри соли 2022 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг-Сок баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ табодули назар намуданд.

30,09,2022,16,36.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg