Иштирок дар Форуми байналмилалии «Марафони содирот-2022» дар шаҳри Екатеринбург

27.09.2022 12:23

Иштирок дар Форуми байналмилалии «Марафони содирот-2022» дар шаҳри Екатеринбург

27 сентябри соли 2022 - бо даъвати президенти Палатаи савдо ва саноати Урал Андрей Беседин - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар Ҳамоиши байналмилалии «Марафони содирот-2022» иштирок намуд.

 Ин чорабинӣ дар толори бинои Маҷмааи фарҳангиву намоишгоҳии ш. Екатеринбург «Синара-Марказ» дар доираи лоиҳаи миллии назди Ҳукумати Федератсияи Россия «Соҳибкории хурду миёна ва пуштибонии ибтикороти соҳибкории инфиродӣ» сурат гирифт.

Яке аз бахшҳои муҳими «Марафони содирот» ҷаласаи мавзӯӣ  таҳти унвони «Тактикаи пешбурди содиротии молҳои Россия дар бозорҳои Осиё ва Ховари Наздик» буд, ки дар он соҳибкорону тоҷирони пешсаф аз Туркиё, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Ҳиндустон, Эрон ва кишварҳои ИДМ дар бораи содироти ояндадор – равзанаҳои воридотӣ, занҷираҳои таъминот, инчунин намунаҳои муваффақи интиқоли содиротии маҳсулот ба бозорҳои хориҷӣ суҳбат карданд.

 Ҳадаф аз баргузории ин Форум ошно кардани содиркунандагони амалкунандаю эҳтимолӣ бо воқеияти нави корӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ--тамоилҳои маъмул, воситаҳои муассири пешбурд, технологияҳои ҳисоббаробаркуниҳои бехатар бо контрагентҳои хориҷӣ, назокатҳои ҳуқуқии муомилоти содиротӣ ва имконоти содироту воридоти маҳсулот дар самти   кишварҳои рӯ ба тараққии саноатӣ--мебошад.

ros-tovar-1.jpg

ros-tovar-2.jpg

ros-tovar-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg