Иштирок дар маросими тантанавии муаррифӣ бахшида ба Рӯзи  умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар шаҳри Екатеринбург

27.09.2022 12:16

Иштирок дар маросими тантанавии муаррифӣ бахшида ба Рӯзи  умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар шаҳри Екатеринбург

27 сентябри соли 2022--бо даъвати  Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов--Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар чорабинии тантанавии муаррифӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки дар меҳмонхонаи екатеринбургии «Центральный» барпо гардид, иштирок намуд.

Дар доираи чорабинӣ муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ибтикорот оид ба рушди сайёҳии дохилӣ дар вилояти Свердловск ва масири стрит-артҳои "Violet Line"дар шаҳри Екатеринбург, ки дар доираи Ҷашнвораи байналмилалии санъати кӯчагии «Стенограффия» эҷоду таҳия шудааст, баргузор гардид.

Ба иштирокдорони чорабинӣ роҷеъ ба татбиқи амалии Барномаи мунитсипалии «Екатеринбург--шаҳри пойтахтӣ» барои солҳои 2021-2025 оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ва воридотӣ дар ҳудуди мунитсипалитети «шаҳри Екатеринбург» дар соли 2022  маълумот дода шуд.

saieh-sentyabr-1.jpg

saih-sent-2.jpg

saieh-sent-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg