Суҳбати муҳиму муфид бо роҳбару фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри россиягии Магнитогорск 

23.09.2022 11:35

Суҳбати муҳиму муфид бо роҳбару фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри россиягии Магнитогорск 

23 сентябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикистониёни шаҳри Магнитогорски вилояти Челябинск «Иттиҳод» Назаралӣ Ҳомидов ва чеҳраҳои  фаъоли ин ташкилот Маъруф Раҳматуллоев ва Шералӣ Саидов мулоқот намуд.

 Дар ҷараёни суҳбат ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои гуногунҷанбаи анҷомдодаи ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳод» аз нимаи моҳи марти соли 2022 то инҷониб маълумот дода шуд.  Дар ин замина мусоҳибон нақшаи ҳамкориҳои Консулгарии генералӣ ва созмони ҷамъиятии Магнитогорск «Иттиҳод»-ро то охири соли 2022 баррасию мувофиқа карданд.

Раҳбару фаъолони созмони ҷамъиятии тоҷикони шаҳри  Магнитогорск тавсияҳои Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба  муҳтаво, ҷанбаҳои мубрам ва хусусияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни  намояндагони диаспораи тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар шаҳри Магнитогорск дар робита ба қарори сентябрии Суди Олии Федератсияи Россия дар бораи манъ гардидани фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун созмони террористӣ, ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, эълони сафарбаркунии ҷузъӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия ба инобат гирифтанд.Махсус таъкид шуд, ки тоҷикистониёни муқими шаҳри Магнитогорск ва ҷойҳои дигари Россия бояд аз иштироку пуштибонии гирдиҳамоиҳо ва дигар чорабиниҳои эътирозии сиёсии зиддидавлатӣ  худро дур бигиранд ва муносиботи хайрхоҳонаи худро нисбат ба фаъолияту тасмимоти  мақомоти давлатии кишвари иқомат--Россия--зоҳир намоянд.

6a7b442e-67ff-4aea-9aeb-a7ce933d4b2a.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg