Иштироку суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ дар ш.Екатеринбург бахшида ба 30-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатии Россия бо кишварҳои ИДМ

02.09.2022 23:41

Иштироку суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ дар ш.Екатеринбург бахшида ба 30-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатии Россия бо кишварҳои ИДМ

2 сентябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар бинои  Филармонияи давлатии кӯдаконаи вилояти Свердловск дар шабнишинии тантанавӣ--консерт аз номи Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия бахшида ба 30--солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатии Россия бо кишварҳои ИДМ иштироку суханронии шодбошӣ кард.

Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев, раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловск Людмила Бабушкина, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти  Свердловск Татьяна Мерзлякова, консулҳои генералии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон дар шаҳри Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов, Руслан Бийбосунов, Шуҳрат Мустафоев, роҳбари шуъбачаи Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Федератсияи Россия дар ш.Екатеринбург Сергей Чичук, Консули фахрии Ҷумҳурии Арманистон дар ш.Екатеринбург Нарек Спартакян дар ин нишасти мутантан суханронӣ намуданд.

Дар ин шабнишинӣ--консерт гурӯҳҳои мухталифи эҷодӣ, аз ҷумла дастаи ҳунарию рақсии ҷамъияти маҳаллии тоҷикон «Дидор» бо баромади  хореографии «Сайли Бадахшон» табъи аҳли ҳозиринро шоду болида гардонданд.

Дар чорабинии губернаторӣ беш аз 40 нафар намояндагони диаспораи маҳаллии тоҷикистониён ширкат доштанд.

Суханронии шодбошии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо таваҷҷуҳ ва ба таври мусбат пазируфта шуд.

raks-3333.jpg

raks-22.jpg

raks-11.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg