Иштироки муваффақона дар Ҷашнвораи мусиқӣ-ошпазии «Дилҳоро бо мусиқӣ шоду ғанӣ гардонем» дар ҳавзаи шаҳрии Каменск-Уралски вилояти Свердловск
3 сентябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--бо даъвати президенти Палатаи савдо ва саноати Урал Андрей Беседин-- дар ҳавзаи шаҳрии Каменск-- Уралск дар Ҷашнвораи мусиқию ошпазӣ таҳти унвони «Дилҳоро бо мусиқӣ шоду ғанӣ гардонем» иштирок намуд.
Ин чорабинии анъанавии Палатаи савдо ва саноати Урал мебошад, ки мақсад аз он ҷамъ овардани ҳамаи дӯстону шарикони байналмилалӣ ва муоширату фароғати фарҳангист.
Иштироккунандагони Фестивалро (тақрибан 10 тим)—аз номи Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев---муовинаш Дмитрий Ионин табрику таҳният гуфт.
Дар Ҷашнвора инчунин президенти Палатаи савдо ва саноати Урал Андрей Беседин, Сарвари ҳавзаи шаҳрии Каменск-Уралск Алексей Герасимов, Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ш. Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов, дипломатҳои пешбари қирғиз, шахсиятҳои маъруфи минтақа ширкат доштанд.
Дар бахшҳои ошпазӣ ва мусиқии Ҷашнвора Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи «Боми ҷаҳон»-ро сарварӣ мекард, ки ба ҳайати он ходими фаъолу шинохтаи ҷамъияти маҳаллии тоҷикон Шодибек Музаффаров, овозхони ҷавони боистеъдоди тоҷик Абдуҳафиз Низомов ва гурӯҳи кормандони заводи коркарди металлҳои рангаи Каменск-Уралск шомил буданд.
Аз рӯйи ҷамъбасти қисми ошпазии Ҷашнвора дастаи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияи «Чӣ хуб аст, ки мо имрӯз дар ин ҷо бо ҳам ҳастем» барои таоми «Шашлик: гӯштҳои барра,гов, мурғ, бедона, шашлики лула» ба гирифтани дипломи ғолиб мушарраф гардид.
Маҳорати дар сатҳи баланд омода кардани таомҳои миллии тоҷикӣ ва оростани дастархони тоҷикиро (миз бо хӯришҳои гӯштӣ, маҳсулоти нон, шириниҳои шарқӣ, меваҳои ҷанубӣ, чой бо гиёҳҳои шифобахш) фаъоли ҷамъияти маҳаллии тоҷикон Шодибек Музаффаров намоиш доду фарҳанги ошпазиву дастархонороии тоҷиконро ба аъзои ҳакамон худи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу эзоҳ намуда, дар иртибот ба ин сурудҳои мардумии тоҷикиро бо самимияти вижа иҷро кард.
Дар қисмати мусиқии Фестивал сурудҳои эстрадии тоҷикӣ дар иҷрои сарояндаи боистеъдод Абдуҳафиз Низомов аҳли ҷашнвораро мафтун сохт.Суруди русзабони кормандони заводи коркарди металлҳои рангаи Каменск-Уралск, ки дар ҳайати тими Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд, хеле гӯшнавоз буд. Аз рӯйи натиҷагирии бахши мусиқии Фестивал дастаи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ду ҷоизаи пирӯзӣ гардид, ки яке аз онҳоро овозхони соҳибистеъдоди тоҷик Абдуҳафиз Низомов бо худ ба Тоҷикистон бурд.