Иштироку суханронӣ дар Рӯзи дониш дар ш. Екатеринбург
1 сентябри соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар Донишгоҳи давлатии касбию омӯзгории Россия дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии дониш суханронии шодбошӣ кард.
Суханронии дипломати тоҷик аз ҷониби иштирокдорони сершумори ҷамъомад бо таваҷҷуҳ ва хуш пазируфта шуд.
Дар ин чорабинӣ донишҷӯён, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Людмила Берг, президенти Ассотсиатсияи сайёҳии Урал Михаил Малтсев, намояндагони мақомоти давлатии вилояти Свердловск, шарикони Донишгоҳ иштирок доштанд.
Қабл аз оғози ҷамъомади тантанавӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии касбию омӯзгории Россия профессор Валерий Дубитский ва сардори раёсати сиёсати иттилоотии ин Донишгоҳ Александр Банниковро барои саҳми арзандаашон дар роҳандозию густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ ва илм бо Ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадру сарфароз намуд ва ҳамчунин китобҳои ба тозагӣ ба забони русӣ нашршудаи худро оид ба таърихи Россия ва фалсафаи иҷтимоӣ ба китобхонаи Донишгоҳ ҳадя кард.