Вохӯрӣ дар Хонаи мардумони Урал
Бегоҳирӯзии 24 августи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз дафтари кории "Хонаи мардумони Урал" дар пойтахти уралӣ дидан карда, бо фаъолони ҷамъияти маҳаллии тоҷикон, аз ҷумла аъзои созмони "Ҷамъияти фарҳанги тоҷик", мулоқот намуд.
Дар ҷараёни суҳбати самимонаю гарм оид ба дастовардҳо ва роҳу воситаҳои ҳалли масъалаҳои мавҷудаи ҳаёту фаъолияти созандаи диаспораи маҳаллии тоҷик гуфтугӯйи пурмуҳтаво сурат гирифт.
Консули генералӣ ба ҳамаи фаъолони ҷамъияти тоҷикон барои меҳрубонӣ ва масъулиятшиносие, ки дар ҳамкориашон бо муассисаи консулӣ ҷиҳати ҳалли таъхирнопазири масъалаҳои мубрам зоҳир мешаванд, изҳори сипос намуд.
Иштирокчиёни мулоқот изҳори қаноатмандӣ аз он карданд, ки дар доираи сафари худ ба вилояти Свердловск Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ният дорад, ки 26 августи соли равон бо намояндагони диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урал ва донишҷӯёну хонандагони тоҷикистонии мактабҳои олӣ ва касбии ин мавзеъ мулоқоти судманд доир намояд.
Дар вохӯрӣ намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии вилоятии «Диаспораи тоҷикон «Дидор» Мастбегим Ошурбекова ва раиси Ассотсиатсияи "Хонаи мардумони Урал" Фаррух Мирзоев иштироки фаъол доштанд ва ибрози назари судбахш карданд.