Сафари нахустини Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия ба ш.Екатеринбург
25-27 августи соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Қурбоналӣ Гулмаҳмадзода ба вилояти Свердловск сафари нахустини шиносоӣ анҷом дод.
Дар рӯзи аввали сафари худ-25 август-Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев музокироти созандаву судбахше дошт.
Ин сафар, аз рӯйи натиҷаҳояш, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавии вилояти Свердловск бо Ҷумҳурии Тоҷикистон такони воқеии сиёсӣ дод.
Д.Қ.Гулмаҳмадзода аз Губернатори вилояти Свердловск ва Сарвари шаҳри Екатеринбург хоҳиш намуд, ки масъалаи дар ҳудуди шаҳри Екатеринбург ҷудо намудани қитъаи мусоиди заминро барои бунёд намудани бинои калони Маркази фарҳангии ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердловск мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд.
Дар ҷараёни сафари худ дар ш.Екатеринбург Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректорони Донишгоҳҳои давлатии иқтисодӣ ва федералии Урал Яков Силин ва Виктор Кокшаров, Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов, президенти Палатаи савдою саноати Урал Андрей Беседин ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Урал ва донишҷӯёну хонандагони тоҷики мактабҳои олию касбии ин мавзеъ мулоқотҳои муфид дошт.
Сафир дар вохӯриаш бо ҳамватанон дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ба донишҷӯёну хонандагони тоҷикистонӣ 47 Ифтихорнома ва 10 мукофотпулию ёрдампулӣ супорид.
26 август, баъд аз зуҳр, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бар пояи ҳайкали Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Жуков аз гулҳои зинда гулчанбар гузошт. Дар ин маросим ӯро муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Олег Александрин ва муовини Сарвари шаҳри Екатеринбург, роҳбари дастгоҳи Сарвари ш.Екатеринбург Марина Фадеева ҳамроҳӣ намуда, бар пояи ҳайкали номбурда гулдастаҳо гузоштанд.
Баъди анҷоми маросими гулгузорӣ бар пояи ҳайкали Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Жуков Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Д.Қ.Гулмаҳмадзода бо мухбирони телевизиони ш.Екатеринбург мусоҳиба намуд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Қурбоналӣ Гулмаҳмадзодаро дар фурудгоҳи "Колтсово" Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Вячеслав Ярин 25 август истиқбол гирифт ва муовинаш Олег Александрин субҳи 27 август гусел намуд.