Иштирок дар ҷашни Рӯзи таъсиси шаҳри Екатеринбург

20.08.2022 18:48

Иштирок дар ҷашни Рӯзи таъсиси шаҳри Екатеринбург

20 августи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар чорабиниҳои идона бахшида ба 299-умин солгарди таъсиси шаҳри Екатеринбург--маросими ифтитоҳи Рӯзи шаҳр, ба кор андохтани соати рамзӣ ба истиқболи ҷашни 300-солагии шаҳри Екатеринбург, ботантана гузоштани гул ба пояи ҳайкали асосгузорони шаҳр В.Н.Татищев ва Г.В.  де Геннин--иштирок кард.

Намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Россия дар Ҳавзаи федералии Урал Владимир Якушев, губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев, раиси шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов, дигар раҳбарони вилояти Свердловск ва шаҳри Екатеринбург, намояндаи Вазорати  корҳои хориҷии  Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, намояндагони воломақоми  рӯҳониён ва корпуси дипломатии маҳаллӣ дар ҳамаи ин ва дигар чорабиниҳои идона суханронӣ намуданд ва ширкат варзиданд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз тариқи шабакаи иттилоотии телевизионии маҳаллӣ роҳбарият, зиёиён ва тамоми сокинони ш. Екатеринбургро бо Рӯзи таъсиси ин шаҳри бузург табрику таҳният гуфт.

jashn-shahr-1.jpg

jashn-shahr-2.jpg

jashn-shahr-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg