Мулоқоти муфиду хотирмон бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яков Силин
18 августи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз бинои асосии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал дидан карда, бо ректори ин донишгоҳи маъруфи Россия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Яков Силин мулоқоти тӯлонӣ намуд.
Ректор дар ҷараёни суҳбате, ки дар фазои дӯстию хамкорӣ сурат гирифт, аз таърихи Донишгоҳ, ҷанбаҳои гуногуни ҷолиби рушди он дар марҳалаи кунунӣ ва имконоти ин донишгоҳи уралӣ дар арсаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба дипломати тоҷик нақл кард.
Зимнан зикр гардид, ки дар соли гузаштаи таҳсил дар ДДИУ зиёда аз 60 нафар донишҷӯён аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, дар ин мактаби олӣ фарди тоҷикистонӣ, доктори илмҳои техникӣ Боисҷон Тоҳириён бомуваффақият фаъолият дорад.
Мусоҳибон ба мавзӯъҳои марбут ба шаклҳо ва самтҳои эҳтимолии муосири ҳамкориҳои ДДИУ бо баъзе донишгоҳҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Консули генералӣ аз Яков Силин хоҳиш кард, ки пешниҳодҳои ҷолибу судманди худро оид ба густариши ҳамкориҳои байниминтақавии дуҷонибаи байнидонишгоҳӣ ба таваҷҷуҳи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмахзода, ки ният дорад аз Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал дар ҳафтаи оянда дидан кунад, бирасонад.
Зимни суҳбат Консули генералӣ ва ректори Донишгоҳ ҳамчун олимон, докторҳои илм, роҷеъ ба воқеияти сиёсии ҷаҳони муосир табодули афкору андеша намуданд.
Дар ин мулоқот ходими намоёни ҷамъиятии диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урал, раиси Хонаи мардумони Урал Фаррух Мирзоев иштирок дошт.